Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон сарду садо дар робита ба мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати байналмилалии “Turkish Airlines”-ро рад карда ва мегӯяд, мушкил ҳалли худро пайдо кардааст.
Юсуф Раҳмон, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 1 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “хабарҳо дар бораи қатъи парвозҳо аз ҷониби ширкати “Turkish Airlines” воқеият надорад. Дар ин авохир як мушкили техникӣ аз ҷониби худи ширкат дар заминаи биниш (“видимость”)-и ҳавопаймоҳо барои нишаст дар фурудгоҳ пеш омад, ки ҳамакнун рафъ гардид”.
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, дар ин охирҳо "бо сабабҳои фаннӣ" ҳавопаймоҳои ширкатҳои туркӣ аз мушкили биниш шикоят карданд, вале ин мушкил аллакай ҳал шудааст ва аз ин ба баъд парвозҳо бидуни мамоният идома мекунад. Дар шарҳи ин назар, Юсуф Раҳмон гуфт:
“Халабҳо одатан аз баландии на камтар аз 1,5 ҳазор метр барои нишастан тасмим мегиранд ва ба фуруд овардани ҳавопаймо омода мешаванд. Аммо халабонҳои ширкати “Turkish Airlines” мегӯянд, барои тасмими нишастани ҳавопаймо онҳо бояд то 5 ҳазор метр масофаро дида тавонанд.
Яъне муқаррароти системаи кори онҳо ҳамин аст. Албатта ин мушкили ҷиддие барои қатъи парвозҳо надорад. Мо роҳашро пайдо кардем ва як хати нишастани ҳавопайморо барои онҳо пешниҳод кардем ва онҳо парвозҳояшонро анҷом медиҳанд. Фаъолияти ширкати “Turkish Airlines” идома пайдо мекунад”.
Масъулони намояндагии ширкати “Turkish Airlines” низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ хабаре дар мавриди эҳтимоли мутаваққиф шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Истамбул тавассути ин ширкат нест. Ҳама парвозҳо аз рӯи нақшаи маъмулӣ пеш меравад. Ба гуфтаи ин масъулон, дар ин авохир ду маротиба ба сабаби номусоидии ҳаво ва барфрезиҳои шадид ҳавопаймо натавонист дар фурудгоҳ нишинад, ки ҳамакнун ҳаво беҳтар шудааст ва интизор дорем рӯзи шанбе парвозҳо идома пайдо кунанд.
Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ гуфтанд, ки иттилое ба онҳо дар мавриди мутаваққиф шудани парвозҳо тавассути ширкати “Turkish Airlines” нарасидааст, вале вуҷуди ҳаводиси ахир дар робита ба мушкили биниши ҳавопайморо тасдиқ карданд.



