Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Исмоил Талбаков ба гуфтаҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи болоравии эътимоди мардум ба бонкҳои ватанӣ самимона бовар дорад, вале қариб ҳар шаб барои гирифтани қисмате аз амонатҳои худ дар «Агроинвестбонк» навбат мегирад.
«Агар бонкдори рақами 1 - раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз минбари мақоми олии қонунгузори кишвар изҳор дошта бошад, ки имсол эътимоди мардум ба бонкҳои Тоҷикистон афзудааст, пас ман ба ӯ бовар дорам», - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Ӯ ҳамчунин ба изҳороти расмии сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Бонки миллӣ доир ба ояндаи наздик ба эътидол омадани вазъи пардохти амонатҳои аҳолӣ аз бонкҳо низ бовар дорад.
«Ман аслан хушбинам ва бовар дорам, ки ба наздикӣ вазъ дар бахши бонкии кишвар хуб мешавад ва ҳатто агар каме эътимоди мардум аз онҳо рафта бошад ҳам, ояндаи наздик ҳамааш барқарор хоҳад шуд», - қайд кард Талбаков.
Дар посух ба савол доир ба мавҷуд будани амонати худи Талбаков дар бонкҳо, ӯ изҳор намуд, ки ҳамаи амонатҳои худро дар «Агроинвестбонк» нигоҳ медорад ва ҳозир барои гирифтани 500 сомонӣ пули нақд аз пасандозаш соати дуи шаб дар бонк навбат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилоти дар бонкҳои Тоҷикистон пайдошуда дар соли равон оид ба баргардонидани пасандозҳои амонатгузорон, сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Вале ҳеҷ кадоме аз вакилон аз ӯ напурсид, ки ҳозир масъалаи пардохти амонатҳои аҳолӣ чӣ гуна ҳал шуда истодааст. Ду бонки бузурги Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк »аллакай муддати чандин моҳ аст, ки ҷиҳати пардохти маблағ ба аҳолӣ мушкилӣ доранд.
Бонки миллӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин карда, тайи шаш моҳ ин маъмурият то ҳол нақшаи барқарор кардани фаъолияти бонкро пешниҳод накардааст ва кори маъмурияти муваққатӣ боз ба муҳлати як моҳи дигар дароз карда шудааст. Дар Бонки миллӣ ва «Тоҷиксобиротбонк» аз шарҳи масъала худдорӣ меварзанд.
Охири моҳи октябр низ раиси Бонки миллӣ назди вакилони парлумон изҳор дошта буд, ки вазъ дар бахши бонкӣ нигаронкунанда буда, вале роҳу воситаҳои ҳаллаш мавҷуд аст. «Комиссияи корӣ таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳамарӯза дар ин самт фаъолият дорад ва ба наздикӣ вазъ рӯ ба беҳбудӣ меорад», - итминон дода буд ӯ ба вакилон.
Як моҳ сипарӣ шуд, вале сарчашмаҳо дар бонкҳо мегӯянд, вазъ бадтар шудааст.



