Ба наздикӣ сабабҳои садамаи моҳи октябри соли равон рухдода дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ шарҳ дода мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, корҳои таҳқиқи сабабҳои садама аз ҷониби комиссияи махсус ба имом расида, натиҷаҳои он ҳафтаи оянда мунташир мегарданд.
Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.
Коршиносон ин садамаро ба муносибати хунукназаронаи энергетикҳо нисбат ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ) марбут дониста, онро комилан табиӣ ва пешбинишуда мешуморанд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.



