Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи кушодани суратҳисоби бонкӣ гуфтем, имрӯз мо,дар бораи агар корти пардохтӣ гум шавад, чи бояд кард, сухан меронем.

Инсон метавонад корти худро дар ҳар куҷо гум кунад. Дар ин ҳолат ба ваҳм наафтода, амал намудан зарур аст.

Пеш аз ҳама корти гумшударо маҳкам кардан лозим аст!   

Агар мутмаин бошед, ки кортатон гум шудааст, фавран ба хадамоти дастгирии корти бонкӣ занг зада, амалиётҳои кортатонро маҳкам намоед. Ҳамин тавр, Шумо худро аз амалҳои қаллобӣ ҳимоя мекунед. Рақамҳои телефони хадамоти дастгирии корти бонкӣ дар шартнома, сомонаи расмӣ, инчунин дар банкоматҳои худи бонк навишта шудаанд.

Ба Шумо якчанд савол дода мешавад ва дар асоси ҷавобҳоятон корманди бонк ба хулоса меояд, ки Шумо дар ҳақиқат соҳиби корт ҳастед ё не. Инчунин Шумо бояд калимаи рамзиро, ки  ҳангоми кушодани ҳисоби кортӣ ишора карда будед, номбар намоед.

Агар дар давоми сӯҳбат аз Шумо хоҳиш кунанд, ки Пин-кодро номбар кунед, ҳеҷ гоҳ онро нагӯед. Барои барориши корт Пин-код лозим нест.

Дар баъзе бонкҳо равон кардани паёми матнӣ оид ба гум шудани корт тавассути “Бонки мобилӣ” имконият дорад. Инчунин, дар сомонаи расмии баъзе ташкилотҳои қарзӣ маҳкам кардани корт мукин аст.

Ҳар гуна муроҷиати шифоҳӣ бояд бо аризаи хаттӣ асоснок карда шавад. Бинобар ин, дар муддати ду -се рӯз пас аз хабар додан оид ба гум шудан ва бастани корт, Шумо бояд ба ягон филиали бонк рафта аризаи хаттӣ пешниҳод кунед.

Кортро барқарор намоед!

Барои барқарор кардани корт бо шиноснома ба бонк омада, дар бораи гум шудани он ариза навишта, барои дубора баровардани корт дархост кунед. Агар Шумо дар дигар шаҳр бошед, ба филиали наздиктарин муроҷиат кунед. Кормандон дархости Шуморо ба филиале, ки кортро бароварда буд, равон мекунанд. Инчунин қайд кардани маконеро, ки дар он ҷо мехоҳед кортро гиред, фаромӯш накунед.

Давомнокии барориши корти нав як рӯзи кориро дар бар мегирад. Ҳисоби корт иваз намешавад, танҳо рақами корт ва Пин-код тағйир меёбад.

Инчунин Шумо метавонед аз корти гумшуда маблағҳои пулиро гиред ё ба ҳисоби корти нав гузаронед. Барои ин ба бонк бо шиноснома муроҷиат карда, барои барориши корт ва барои гирифтани маблағ ариза менависед.

Тавсияҳо:

- Кортро аз назар дур намонед;

- Кортро бо Пин-код  якҷоя нигоҳ надоред;

- Ҳеҷ гоҳ Пин-кодро дар рӯи корт нанависед ;

- Рақами телефони хадамоти дастгирии кортро дар дафтарчаатон нависед (ба ҳар ҳол);

- Ҳангоми гирифтани пул аз банкомат  ё пардохти харид, клавиатураро дар вақти дохил намудани Пин-код бо дастатон пӯшед.

Дар мавзӯи оянда мо дар бораи ҳангоми гум/фаромӯш кардани Пин-коди корт чӣ бояд кард, сухан мегӯем.         

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.