Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Шри-Ланка дар шаҳри Коломбо Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Шри-Ланка имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. «Мо шароити озоди рақобатро, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамоянд, фароҳам овардаем», - қайд кард президенти Тоҷикистон.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, иртибототу нақлиёт, содироти оби нӯшокӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳикборону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Шри-Ланка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоваранд, иштирок намоянд.
Ба хотири рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишвар ба имзо расид.



