Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон аз оғози соли равон ҳудуди 170 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки сарфи назар аз афзоиши устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли гузашта ин нишондиҳанда 47,022 тонна камтар аст.
Дар Вазорати кишоварзӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба чунин вазъи ногувор боис гардидааст. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 21,5 ҳазор тонна мева, зиёда аз 100 тонна сабзавот, наздики 44 ҳазор тонна хушкмева ва қариб 4 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, шояд амалҳои қочоқи содироти ин маҳсулотҳо тавассути 45 гузаргоҳҳои назоратнашавандаи марзии Тоҷикистону давлатҳои ҳамсоя сурат гирад.
«Ба ҳамин хотир ташкили нуқтаҳои хадамотҳои назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, байторӣ оид ба назорати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар гузаргоҳҳои назоратнашавандаи сарҳадӣ мақсаднок аст», - қайд мекунанд дар Вазорат.
Гуфта мешавад, маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содир карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ пиёз ҳиссаи назаррас дошта, соли равон содироти он ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 98 ҳазор тонна сурат гирифтааст.



