Идораи роҳи оҳани Эрон (RAI) дар бораи оғози гуфтушунидҳо доир ба сохтмони роҳи оҳан миёни Эрон-Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хабар медиҳанд.
«Гуфтушунидҳо дар робита ба ин масъала мувофиқи натиҷаҳои ҳосилшуда аз сафари чанде қабли президенти Эрон Рӯҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуданд», - гуфтааст ба хабаргузории эронии Mehr муовини роҳбари RAI Мирҳасан Мӯсавӣ.
Ӯ қайд кардааст, ки мақомоти масъули идораҳои роҳи оҳани чор кишвари зикршуда ба гуфтушунидҳо пардохтааанд ва вохӯрии минбаъдаи онҳо давоми нимсолаи аввали соли оянда баргузор мешавад.
Мирҳасан Мӯсавӣ таъкид доштааст, ки Эрон дар маҷмӯъ ба алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тавсеъа бахшиданист.
Аввали моҳи августи соли равон иттилоъ дода будем, ки нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Эрон - Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чинро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд. Масофаи умумии роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - марзи Эрон ба ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл мекашад. Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ беш аз 580 километрро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкур беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст. Қаблан барои таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа Эрон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА грант ҷудо карда буд.




