Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои худ нисбати рушди иқтисоди Тоҷикистон давоми ду соли наздикро ба самти коҳиш бозбинӣ кард.
Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба рушди иқтисоди ҷаҳон қайд мешавад, ки дар соли 2017афзоиши воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо пешгӯии моҳи июни Бонк 0,3% пасттар аст.
Дар соли 2018 таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар сатҳи 5,2% пешгӯӣ кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешгӯии пешин 0,1% поинтар мебошад.
Пешгӯиҳои поинравии ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро коршиносони Бонк ба коҳиши имконпазири ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин коҳиши талабот ба воридот нисбат медиҳанд.



