Дар робита ба афзоиши шумори аҳолӣ ва камшавии заминҳои корами обёришаванда, яке аз мушкилоти асосӣ дар Тоҷикистон масъалаи таъмини сокинон бо манзили зист ба шумор меравад.
«Аз ин рӯ, Кумитаи заминсозӣ ва геодезия ба муътақидсозии ҳукумат дар ҳаллу фасли масъалаи сохтмони хонаҳои баландошёна барои оилаҳои ниёзманд дар ноҳияҳо идома медиҳад», - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт таҳияи тарҳу харитаи муфассали маҳалли шаҳру навоҳӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бунёди зерсохтори зарурӣ мувофиқи мақсад аст.
«Агар пешниҳоди мо дастгирӣ ёбад, бисёре аз мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба қитаҳои замин ҳал мешаванд, зеро дар 12 сотих қитъаи замин ба ҷойи 2 оила 40 ва зиёда аз онро бо манзили зист таъмин кардан мумкин аст», - таъкид дошт раиси Кумита.
Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли гузашта раҳбарияти Кумитаи меъмори ва сохтмони ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ мекунад.
«Тоҷикистон замини зиёд надошта, шумори аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда мо ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки хонаҳои баландошёна бисозем, зеро дигар илоҷе надорем», - иброз дошта буд зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста