Нақшаҳои генералии 39 шаҳру навоҳӣ бозбиниву тасдиқ шуда то охири соли ҷорӣ нақшаи генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳия ва тасҳеҳ ва таҳия мешаванд.

«Соли гузашта Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 11 млрд. 74 млн. 773 ҳазор сомонӣ сармоягузориҳоро азхуд намуда, аз он дар ҳаҷми 4 млрд. 968 млн. 821 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд ва ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмону насб 8 млрд. 139 млн. 564 ҳазор сомониро ташкил дод», - гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1 млн. 170 ҳазору 277 метри мураббаъ манзили зист, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 9146 ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои ташхису муолиҷаи 1231 нафар беморон, бемористонҳо бо 745 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 1089 кӯдакон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ғайр аз ин, зикр кард ӯ, соли гузашта дар беш аз 1 ҳазор иншооти саросари кишвар зиёда аз 3 ҳазор санҷишҳои сифати корҳои сохтмону насб гузаронида шуда, маблағи ҷаримабандӣ аз рӯи камбудиҳои ошкоршудаи онҳо 508 ҳазор сомониро ташкил додааст.

«Соли гузашта 337 корхонаи сохтмон барои гирифтани иҷозатномаи давлатӣ барои сохтмон муроҷиат карда, ба 305-тои онҳо иҷозатнома дода шуд, - қайд кард ӯ. - Дар ин давра барои аз ташхис гузаштан 433 лоиҳаҳои сохтмон пешниҳод шуда, танҳо 377-тои онҳо муваффақона аз ташхис гузаштанд».