Соли 2016 ҳаҷми даромади умумии ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нисбат ба соли пешин 13% афзудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти «Тоҷик Эйр», маҷмӯи даромади ширкат дар соли гузашта 461,5 млн. сомонӣ ва маҷмӯи хароҷот - 459,6 млн. сомониро ташкил додааст. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта 475 тобут ва 192 нафар шахсони ихроҷшударо аз Русия ба Тоҷикистон овардааст.
Гуфта мешавад, соли гузашта ширкат ба 325 ҳазору 341 нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 12 ҳазор нафар бештар аст.
Зикр мегардад, ки аз 2 ҳазору 802 парвозҳои иҷрошуда дар 674-тоаш мавқуфгузории парвозҳо рух дода, сабаби асосии ба таъхир гузоштани парвозҳо мушкилоти номусоидии обуҳаво, ҳолатҳои сабти мусофирону бағоч, иҷрои кор дар фурудгоҳҳо, санҷишҳои давлатӣ, назорати марзӣ ва вазъи техникии ҳавопаймоҳо мебошанд.
Қайд мешавад, ки ширкат дорои 36 ҳавопаймо буда, 5-тоаш мавриди истифода қарор дорад. Бо мақсади навсозии парки ҳавопаймоҳо, раҳбарияти ширкат баҳри харидории ҳавопаймоҳои насли нав кӯшиш ба харҷ дода, аллакай бар асоси лизинг аз ҳавопаймои Boeing 767–300 истифода мекунад.




