Ҳукумати ҷумҳурӣ имкони нашри пул бо расми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои омӯзишу таҳлили масъалаи ба муомилот баровардани пули миллии арзишаш 1 ҳазор сомонӣ бо расми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар комиссияи махсуси ҳукумат таъсис дода шудааст.
«Ба ҳайати ин комиссия аз ҷумла мутахассисони Бонки миллӣ низ шомил буда, бар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ ҳукумат аз рӯи ин масъала қарори ниҳоӣ қабул мекунад», - таъкид дошт раиси Бонки миллӣ.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод карда буд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.




