Соли 2016 Тоҷикистон ба сурати умум дар ҳаҷми ҳамагӣ 3,9 млрд . доллар муомилоти молӣ анҷом дода, шарикони асосии тиҷоратӣ Русия ва Чин боқӣ монданд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 3 млрд. 926,6 млн. долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба андозаи 9,2% камтар аст.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар 4,3 млрд. долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 қариб миллиард доллар ё худ 18% кам шуда буд.
Коҳиши ҳаҷми муомилиоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2016 ба коҳиши воридоти маҳсулот вобаста буда, соли гузашта ба маблағи каме бештар аз 3 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 404,7 млн. доллар ё худ 11,8% камтар мебошад.
Соли гузашта воридоти сангу металлҳои қиматбаҳову арзон, пӯст ва чарми коркарднашуда, чӯб ва маснӯоти он, маҳсулоти тайёри ғизойӣ, маҳсулоти чорводорӣ ва растанӣ, маҳсулоти минералӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайра ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2015 соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулот ба миқдори 0,9% ё худ ба маблағи 8,1 млн. доллар афзуда, соли 2016 дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 898,7 млн. доллар маҳсулот содирот шудааст. Тавозуни савдо дар соли 2016 манфӣ ва ба 2 млрд. 132,2 млн. доллар баробар аст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2016 Русия ва Чин маҳсуб ёфта, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия зиёда аз 1 млрд. доллар ва Тоҷикистону Чин - 885 млн. долларро ташкил додааст.




