Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ барои хароҷоти ғайричашмдошт фонди эҳтиётӣ ташкил карданист. Ба истилоҳ «болишти бехавф» аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳои давлатӣ бо назардошти хатари имконпазири онҳо барои давлат рӯйи кор меояд.
Ояндаи наздик ҷиҳати қонеъ намудани талаботи корхонаҳои давлатӣ ба маблағгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини захираи кофӣ барои хароҷоти буҷет бунёди фонди эҳтиётӣ барои масрафоти ғайриинтизор зарур буда, воситаҳои он дар ҳолатҳои мудом аз ҷониби корхонаҳо иҷро нашудани уҳдадориҳои пардохти қарз истифода хоҳад шуд.
Дар Стратегияи идораи хатарҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ то соли 2020, ки бо фармони президент тасдиқ шудааст, дар ин робита қайд мешавад, ки Вазорати молияи ҷумҳурӣ номгӯи дороиҳои молӣ ва уҳдадориҳои марбут ба қарзҳои сеҷониба: қарздеҳи хориҷӣ - ҳукумат - корхонаи давлатӣ, ҳамчунин шартномаҳо зери кафолати давлатӣ бо корхонаҳои давлатиро омода мекунад.
Ҳамин тариқ, корхонаҳое муайян карда хоҳанд шуд, ки барои ҳукумат хавфҳои имконпазир эҷод карда метавонанд ва мутаносибан ҳаҷми воситаҳое, ки корхонаҳо бояд ба фонди эҳтиётӣ гузаронанд, ҳисобу китоб мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 890 корхонаҳои амалкунанда моликияти давлатӣ шуморида мешаванд. Ба ин шумор корхонаҳои зери моликияти ҳам мақомоти марказӣ ва ҳам маҳаллии ҳокимияи давлатӣ қарордошта шомил буда, ҳайату навъи фаъолияти корхонаҳои мазкур гуногунсоҳа мебошад.




