Бахшида ба 25-солагии  барпо гаштани  муносибатҳои байналхалқии байни ду давлат, ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе бизнес форуми b2b вохӯрии Тоҷикистон- Туркия баргузор хоҳад гашт.

Ҷонишини сарвазири Туркия  Оқои Тугрул Туркеш бо ҳамроҳии масъулини баландмартабаи Вазоратҳои гуногуни  Туркия бо мақсади  баргузор намудани машваратҳои байнидавлатӣ  ташриф менамояд.

Бизнес-форум  ва b2b вохуриҳо, ки санаи 16 феврал соати 11.30 пагоҳӣ  дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Душанбе бо ҳамҷоягии DEIK,  Шӯрои муносибатҳои иқтисодии Туркия, ҳамзамон  Палатаи савдои Тоҷикистон баргузор мегардад, бо кӯмаки Вазорати индустрия ва технологияҳои нави ҶТ ва Кумитаи сармоягузории назди Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Дар  ин форум 50 ширкати Туркия бо вакилони ширкат, ҷонишини сарвазири Туркия, ҳамзамон чанде аз ширкатҳои Туркия,ки айни ҳол фаъолияти худро дар Қазоқистон, Қирғизистон ба роҳ мондаанд ширкат хоҳанд кард. Аз ҷониби Тоҷикистон  наздик ба 400  соҳибкорон иштирок мекунанд.

Пас аз суханронӣ, аз ҷумла баромади Ҷонишини сарвазири Туркия  Оқои Тугрул Туркеш ва  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ байни соҳибкорони ин ду давлат музокироти   b2b баргузор хоҳад кард.

Вакилони Туркия аз ширкатҳои вобаста ба корҳои саҳроӣ, техникаи кишоварзӣ, мӯд, маҳсулотҳои сохтмонӣ, логистика, маҳсулотҳои ороишӣ (косметикӣ) , маҳсулотҳои заргарӣ, ИТ-технология, маводҳои хӯрока ва нӯшока, дастколаи хизматрасонӣ, масолеҳи борбандиву борпечонӣ мебошанд.

Туркия яке аз  16-умин минтақаи бузургтарини иқтисодӣ,бо 1триллион  доллар ВНП ва ҳаҷми  савдои берунаи тақрибан  400 миллиард доллар дар ҷаҳон маҳсуб ёфта,дар соҳаи сайёҳӣ (туризм) бошад, байни давлатҳои  ҷаҳон  дар  6-умин ҷой қарор дорад. 

Гарчанде ҳаҷми савдои беруна байни ин ду давлат ду соли сипаригашта   зиёда аз 650  долларро ташкил мекард, соли гузашта 350 миллион долларро ташкил кардааст. Ҳарду ҷониб ният доранд, ки ҳаҷми савдоро дар солҳои наздик ба  ин шумора расонида, ҳатто ба 1 миллион доллар наздик намоянд.

Соли 2016 Туркия дар интиқоли маҳсулоти алюминии ТАЛКО, пахта, ресмон, меваҳои хушк якумин бозори содиротӣ гардид. Маҳсулотҳои баландсифати истеҳсолнамудаи Туркия дар бозори тоҷик солҳои дароз дастрас мебошанд.

Дар солҳои охир, сармоягузории Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар соҳаҳои гуногун ба монанди алюмин, ва профилҳои пластмассӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли ранг, қолинҳо, маҳсулоти мебел меафзояд. Сармоягузории бузургтарин тайи солҳои охир ифтитоҳи корхонаи Coca-Cola-и Coca-Cola İçecek-и Туркия, гурӯҳи туркии Анадолу дар Душанбе мебошад.

Боздиди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия ва Бизнес-форуми 16-ум феврал, албатта ба робитаҳои дутарафаи иқтисоди Тоҷикистон ва Туркия мусоидат хоҳад кард, ки дар натиҷа сармоягузории туркӣ дар Тоҷикистон афзоиш хохад ёфт.

Ташкилотчи, DEIK Turkeyand ва ПСС Тоҷикистон  ҳамаи сохибкорони Точикистонро барои иштирок ва алоқаҳои сермахсул даъват мекунад. Барои маълумоти бештар ва бақайдгирӣ ба телефони 93 369 09, 09 ё суроғаи [email protected] муроҷиат карда метавонед.