Дар маросими ифтитоҳи форуми тичоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки барои рушди муносибатҳо байни кишварҳо таъсиси Шӯрои сармоягузорони давлатҳо зарур аст.
Ба гуфтаи Зуҳуров, соли 2016 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Чехия ба Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои гузашта 33 афзуда, вале баҳри рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ин миқдор кофӣ нест.
Зуҳуров ба сармоягузорони Чехия баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод намуда, ба онҳо итминон дод, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ барои онҳо дар Тоҷикистон беш аз 70 имтиёзу кафолатҳо амал карда, ба фаъолияти пурсамари иқтисодии сармоягузорон шароити мусоид фароҳам меорад.
«Аз лиҳози иқтисодӣ барои сармоягузорони Чехия сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар бахшҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, парвариш ва содироти сабзавоту мева, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, содироти оби нӯшокии хушсифат бо истифода аз имконоти табии мавҷуда судманд аст», - иброз дошт Зуҳуров.
Зимнан зикр гардид, ки соҳаи туризм, аз ҷумла туризм барои солимӣ ва сайру саёҳат дар кӯҳистон низ барои соҳибкорони Чехия бахшҳои ҷолиб буда метавонад.
Қобили зикр аст, ки қаблан Шукурҷон Зуҳуров бо раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.




