Моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,8% (январи соли 2016 - 1,4%) камтар аст.
Мувофиқи дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2017-ро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист.
Бояд қайд намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Қобили зикр аст, ки соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба мизони пешбинишуда (дар сатҳи 7,0 фоиз) ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳамин тариқ, соли 2016 сатҳи миёнаи моҳонаи тавррум дар Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд. Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд - 7%, Бонки ҷаҳонӣ - 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 8,2% пешгӯӣ карда буданд.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.




