Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) таҳти роҳбарии директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Холид ал-Абудӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусиро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳо барои татбиқи минбаъдаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон сухан кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ, рушди амалиётҳо бо қоғазҳои қиматноки исломӣ (сукук), рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар навбати худ Холид ал-Абудӣ ҷиҳати тавсеа додани ҳамкориҳо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна тавассути таъсиси фондҳои маблағгузорӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Вобаста ба ин Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд бо корпоратсияи мазкур изҳори омодагӣ кард.