Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе - Пекин - Душанбе барқарор мекунад.
«Парвозҳо тариқи хатсайри мустақим аз Душанбе ба Пекин барои мусофирони мо имконоти иловагӣ фароҳам оварда, корҳои тиҷоратии онҳоро беҳтар мекунанд ва ба таҳкими робитаҳои ду кишвар мусоидат намуда, барои сайру саёҳат низ шароитҳои мусоид муҳайё месозанд», - иттилоъ дод дар ин робита котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.
Парвози нахусти ҳавопаймо ба самти Пекин имрӯз соати 16:40 дар назар аст. Ҳавопаймо соати 07:10-и субҳ ба Душанбе фуруд омада, давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз ҳарду самт айни замон 1 ҳазору 748 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» соли гузашта муддати ҳамагӣ се моҳ парвозҳоро ба Пекин анҷом медоданд, лекин бинобар сабаби камии мусофирон ба ин хатсайр, лозим омад, ки он муваққатан боздошта шавад.




