Дар Тоҷикистон имкони тавсеъаи дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои бонкӣ тавассути гарави амволи манқул баррасӣ мешавад.

Дар чорабинӣ бахшида ба роҳандозии барномаи тренингҳои омӯзишӣ оид ба арзёбии дороиҳои манқул муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки барномаи мазкур ба тавсеъаи дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкорони хусусӣ ва тиҷорати хурду миёна нигаронида шуда, аз ҷониби IFC, ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад.

Нуралиев бар ин назар аст, ки гуногунсоҳа кардани таъмини гарав аз рӯи қарзҳо барои корхонаҳои хурду миёна воситаҳои назарраси молиявиро таъмин сохта, нахустин дар ҷумҳурӣ ва қисмате аз ислоҳоти асосӣ дар низоми муомилоти таъминшуда ё қарздиҳӣ мебошад.

«Корхонаҳои хурд асоси иқтисоди Тоҷикистонро ташкил дода, вале барои рушди минбаъда онҳо бисёр вақт барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ талош меварзанд, - мегӯяд мутахассиси Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ролф Берндт. - Тавсеъаи заминаи сармояи аз ҷониби бонкҳо қабулшуда ба ин корхонаҳо дар таъмини қарзҳои ҳаётан муҳим ва дигар шаклҳои қарз кумак карда, ба рушди онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд».