Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи феврал 0,5% зиёд шуда, сатҳи таварруми моҳи феврал 1,1%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Моҳи январ нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафта, ҳамин тариқ, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 1,7% баробар шуд.
Мувофиқи дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2017-ро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист.
Бояд қайд намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Қобили зикр аст, ки соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба мизони пешбинишуда (дар сатҳи 7,0 фоиз) ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳамин тариқ, соли 2016 сатҳи миёнаи моҳонаи тавррум дар Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд - 7%, Бонки ҷаҳонӣ - 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 8,2% пешгӯӣ карда буданд.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.




