Дар чаҳорчӯби вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки санаи 20 апрел пешбинӣ шудааст, намояндагони беш аз 35 ширкатҳои Қазоқистон ба Душанбе ташриф меоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯйхати ширкатҳои Қазоқистон корхонаҳои бахши мошинсозӣ, металлургия, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва кимиё зикр ёфтаанд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ роҳандозии робитаҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва пешбурди роҳёбии маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон дар бозори Тоҷикистон унвон мешавад.
«Тоҷикистон Қазоқистонро ба сифати яке аз шарикони калидии стратегии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ медонад», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 676 млн. долларро ташкил дода, баъди Русия ва Чин ин кишвар дар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




