Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо Русия ва Қазоқистонро барқарор ва зиёд намуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми муомилоти мол бо Чин босуръат коҳиш меёбад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 775,7 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2016 ба миқдори 11,3% (98,5 млн. доллар) камтар аст.

Ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 230,1 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли гузашта ба андозаи 16,9% (33,3 млн. доллар) зиёдтар мебошад. Афзоиши ҳаҷми содирот асосан ба зиёдшавии ба хориҷа баровардани маҳсулоти минералӣ (2,6 баробар) ва воситаҳои нақлиёт (6,7 баробар) вобаста аст.

Аз хориҷи кишвар ба маблағи 545,6 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 19,4% (131,7 млн. доллар) камтар аст. Нисбатан ба таври назаррас кам шудани воридоти мошин ва таҷҳизот, металлҳои арзон, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти саноати кимиё ва асбобу лавозимоти тиббӣ қайд шудааст.

Ҳамин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ва 315,5 млн. долларро ташкил додааст.

Аз оғози сол шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия ва Қазоқистон мебошанд. Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 221 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 3,4% бештар аст. Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра ҳудуди 193 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 38% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин дар семоҳаи авали соли 2017 ба миқдори 61% поин рафта, каме бештар аз 84 млн. долларро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта коҳиши ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия (6,3%) ва Тоҷикистону Қазоқистон (3,7%) ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 қариб 12% афзуда буд.