Соҳибкорони Тоҷикистон акнун дар баробари бурдани китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот, ба пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти мол ба нозири андоз уҳдадор шуданд.
Тавре дар маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар ин робита қайд мешавад, хариду фуруши мол аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, дар доираи шартнома амалӣ карда мешавад.
«Тибқи Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар суъбектҳои соҳибкории хурди Тоҷикистон, бояд аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, барои қонунӣ гардонидани амалиётҳои хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашудаи худро дошта бошанд», - омадааст дар маълумоти Кумита.
Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро Кумитаи андоз аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо номбар кардааст.
Гуфта мешавад, дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур нисбати қонуншиканон барои риоя накардани тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми аз 7,5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.




