Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст.
Сандуқи Рушди Саудӣ баҳри иҷрои лоиҳа дар ҳаҷми 131 250 000 риёл — баробар ба 35 миллион доллари ИМА маблағи пулӣ ҷудо кард. Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.
Ҳамчунин рӯзи 15 май дар арафаи ҷаласаи солонаи раёсати роҳбарикунандаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои А ва F» баргузор гардид.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути таъмини хизматрасонии боэътимоду мустақими нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни минтақаҳои ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба беҳтар намудани робитаи нақлиётӣ ва рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Хитой, Покистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.
Лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингузарро бо ду хати ҳаракат ба масофаи 58 километр пешниҳод кардааст, ки 32 километри он ба минтақаи А (байни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин) ва 26 километри роҳ ба минтақаи F (байни Шкев ва Қалъаихумб) рост меояд.
Маблағи умумии лоиҳа 115,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА қарзи Бонки Исломии Рушд мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, соли 2022 ба анҷом мерасад.




