Дар маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз рӯзи 23 май Маркази нави хизматгузории истифодабарандагони барқ ба фаъолият шурӯъ кард.
Маркази аз ҷониби ширкати «Помир энержи» ифтитоҳшуда ба хизматгузории хушсифати беш аз 684 хонаводаҳо (ҳамагӣ зиёда аз 3 670 аҳолӣ), ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва хусусии ноҳия имкон фароҳам меоварад.
«Яке аз вазифаҳои муҳими ширкати «Помир энержи» беҳбуди сифати хизматгузорӣ ба истеъмолгарон тавассути истифодаи методҳои пешрафтаи ташкили кор мебошад, - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкат. - Қадами нахустин дар ин самт ифтитоҳи нуқтаҳои қабули пардохтҳо дар шаҳри Хоруғ буд».
Бо роҳандозии ин иқдом акнун сокинони маҳаллаҳои сераҳолӣ бидуни сарфи вақту пул барои то бонк рафтан, имкон пайдо карданд, ки дар ин нуқтаҳои нави қабули пардохтҳо пули барқи истифодакардаашонро ҳисоббаробарӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки чунин марказҳои қабули пардохтҳои ширкати «Помир энержи» айни замон боз дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон низ амал мекунанд.




