Доираҳои тиҷоратии Покистон имрӯз, 24 май бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, то ки масъалаҳои талаботи бозори кишвар, нархгузорӣ ва маҳсулоти писандидаи мардумро мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд.
Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ), рӯзи панҷшанбе, 25 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардида, ғайр аз ин, вохӯрии меҳмонон бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд, ҳамчунин намояндагони хадамоти гумрук, Вазорати савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар назар аст.
Ҳамчунин дар доираи кори ҳамоиш баргузории саволу ҷавобҳо бо намояндагони мақомоти нақлиёт, кормандони сафорати Покистон дар Душанбе ва машваратҳои дуҷонибаи гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон каме бештар аз 55 млн. долларро ташкил дода, муддати сол 14 фоиз коҳиш ёфт. Дар ҳаҷми муомилоти моли соли гузашта беш аз 30 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Покистон рост омада, аз Покистон ба Тоҷикистон ба маблағи 25 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст.




