Иддае аз сокинони ноҳияи Бохтар аз мақомоти давлатӣ талаб доранд, ки монеи шикори ғайриқонунии моҳӣ дар рӯди Вахш гарданд. Онҳо асосан аз мавридҳои истифодаи  шасти барқӣ, тӯр ва маводи кимиёӣ, ки боиси нестшавии насли моҳӣ мегарданд, шикоят доранд. 


Сокини ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар Умархон Муродов ва дигар алоқамандони табиат бо ирсоли як нома ба унвонии раиси вилояти Хатлон аз ӯ тақозо карданд, ки пеши роҳи маҳвсозони насли моҳӣ гирифта шавад. 


– Рӯзе нест ки се-чор гурӯҳ бо қайиқ ва шасти барқӣ аз пеши чашмамон нагузаранд, - бо таассуф мегӯяд ӯ. - Онҳо бо дастгоҳи худсози шиддати барқро баландкунанда, ки 12 ваттро ба 380 табдил медиҳад, моҳӣ сайд мекунанд. Ин шасти барқӣ тамоми мавҷудоти зиндаи обро дар ҳудуди 3 метр нобуд месозад.

Истиқоматкунандагони атрофи дарё мегӯянд, дар дарёи азими Вахш, ки чанд даҳсола қабл зиёда аз 12 навъи моҳӣ дошт, акнун ҳатто моҳича пайдо кардан хеле душвор шудааст.  

– Ман аз овони кӯдакӣ ба моҳидорӣ тавассути чангак шавқ доштам, - зикр кард Тоҷиддин Шарифов. - Ба хотири оромиши асаб пас аз соати корӣ ё дар рӯзҳои истироҳат дар як-ду соат хеле моҳӣ медоштам. Ҳоло рӯзи дароз менишинӣ, аммо якто гирифта наметавонӣ.

Ёд надорам, ки солҳои охир зағорамоҳӣ (карп)-ро дар ин дарё кай дидаам. Манзурам, аз захираи пештараи моҳии дарёи Вахш 20 дарсадаш боқӣ мондааст ё не, номаълум.

Ҳолдонҳо бар инанд, ки сайди моҳӣ барои гурӯҳе аз аҳолӣ як василаи пулёбист

–   Ҳар шаҳрванде, ки мо дастгир мекунем, маълум мешавад, бинобар пеш бурда натавонистани рӯзгор ба шикори ғайриқонунии моҳӣ даст задааст, - изҳор дошт Саъдулло Бобоҷонов, сардори шуъбаи ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон. - Бо ин роҳ зиндагиро гузаронидан осонтар аст. Яъне моҳии тайёрро шикор мекунию ба бозор бурда мефурӯшӣ. 


Ба гунаи мисол, рӯзҳои 12-13-уми март дар ҳудуди ноҳияи Хуросон мо нафаронеро вохӯрдем, ки бе истиҳола машғули моҳидорӣ буданд. Ва ин дар ҳолест, ки аз 10-уми март то 15-уми июн, яъне дар мавсими тухмгузории моҳӣ раёсати болозикр сайди онро бо ҳама усул комилан манъ кардааст. Ин афрод, ки бо худ на кам аз ду шаст ва доруҳои ҷалби моҳӣ доштанд, аз манъи муваққатии моҳидорӣ изҳори бехабарӣ карданд. 


Саъдулло Бобоҷонов мегӯяд, ки ҳарчанд онҳо дар ҳамдастӣ бо милитсияи экологӣ соли 2016 чор ва соли ҷорӣ як ҳолати  моҳигирии ғайриқонуниро ошкор карданд, вале аз сабаби надоштани воситаҳои назорату пайгирӣ барои муборизаи васеъ бо браконерҳо ҳанӯз имкон надоранд. “Мо чанд маротиба ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор барои дастрас кардани автомобили хидматӣ ва қайиқ муроҷиат кардаем”, - афзуд ӯ. 


Вале собиқадори соҳаи экология Ёқубалӣ Қурбонов талоши мақомотро дар ростои камбудиҳои соҳавӣ ғайримуассир арзёбӣ кард. Вай афзуд: “Солҳои шӯравӣ ба нозирони ҳифзи муҳити зист мошинҳои махсус, либосҳои низомӣ, қайиқ ва яроқ дода мешуд. Бояд ин шароитҳо барои он шуъбаҳое, ки бар зидди шикори ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, фароҳам оварда шавад. Масалан, дар обанборҳои Норак, Сарбанд ва Сангтӯда бе ин таҳҷизот бар зидди шикорчиёни ғайриқонунӣ мубориза бурдан ғайриимкон аст”. 


Биноан, Қурбонов пешниҳод кард, ки ниҳодҳои дахлдор дар мавзеъҳои  таҷаммуи браконерҳо дидбонгоҳҳои назорашаванда ташкил кунанд.

– Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ва қоидаҳои моҳигирӣ шикори моҳӣ тариқи тӯр низ манъ аст, - шарҳ дод паҳлуи дигари масъаларо раиси ҷамъияти шикорчиёни шаҳри Қӯрғонтеппа Қурбонназар Одинаев. - Солҳои шӯравӣ тӯр дар мағозаҳои варзишӣ танҳо ба кормандони хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷат фурӯхта мешуд. Ҳоло бепурсиш ба ҳама фурӯхтан мегиранд. 


Алимаҳмад Гулов, раиси Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон низ  сайди бенизоми моҳиро мушкиле арзёбӣ кард, ки бояд зуд ҳал шавад. “Ҳангоми истифода аз барқ ё моддаҳои кимиёӣ тамоми мавҷудоти зиндаи дохили об мемираду биосинози об вайрон мешавад. Ҷиҳати рафъи ин мушили ҳалталаб бояд ҳама мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон якҷоя мубориза баранд”, - изофа кард вай. 

Бо ин вуҷуд, Тоҷиддин Шарифов ва дигар дӯстдорони табиат умед доранд, ки браконерҳо рӯзе хатои худро дарк хоҳанд кард.

Номбурда гуфт: “Ман он нафаронеро, ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ даст мезананд, даъват мекунам, аз ин рафтори бади худ даст кашанд. Хеле солҳо кори кардаатонро кардед. Бас будагист?!”. 

Гуфтанист, ки агар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои дахлдор баҳри пешгирии шикори ғайриқонунӣ гоми ҷиддӣ нагузоранд, хавфи нестшавии аксар навъҳои моҳӣ ва дигар мавҷудоти зинда дар рӯди паҳновари Вахш ногузир хоҳад буд. Ин, яқинан, ҳам барои табиат ва ҳам барои инсонҳо ба ҷуз аз харобию зарар дигар чизе нахоҳад овард.

Ин мавод бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шуда, масъулияти муҳтавояш ба зиммаи Зокир Ҳасан вогузор шудааст ва мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.