Қатораи мусофирбар бори нахуст пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба ҳам пайваст, лекин он алҳол танҳо дар давраи баргузории намоиши ЭКСПО-2017 равуо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори корхонаи мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муминов хабар дод, қатораи иборат аз 9 вагон рӯзи 15 июн аз Душанбе ба сафар баромада, дар 4 шабонарӯз шоми рӯзи 19 июн ба Остона расидааст.

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар тариқи ин хатсайр як маротиба дар 1 ҳафта муқаррар шуда, танҳо 3 моҳ - дар давраи кори намоиши махсуси байнулмилалии «ЭКСПО-207» дар Остона, яъне то 10 сентябр равуо мекунанд.

«Агар ба ин хатсайр аз ҷониби мусофирони ҳарду кишвар талабот пайдо шавад, ҷонибҳо метавонанд дар бораи мунтазам роҳандозии қатораҳои мусофирбар бо ин хатсайр ба созиш бирасанд», - гуфт намояндаи корхона.

Зимнан зикр гардид, ки қатора аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва аз Остона - рӯзҳои душанбеи ҳафта раҳсипор мешавад ва агар мусофир билетро як моҳ пеш аз сафар харидорӣ намояд, арзиши он 927 сомониро ташкил дода, агар то 10 рӯз пештар дасрас кунад, арзиши он баландтар хоҳад буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.