Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, боздиди ӯ аз шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли намак дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз ин корхона тавсия дод, ки асосан маҳсулоти намунавии содиротиро истеҳсол намуда, роҳҳои ворид шудан ба бозори  давлатҳои хориҷаи наздикро пайдо намояд ва дар оянда ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, бо зиёд кардани  шумораи ҷойҳои корӣ дар таъмини сокинони ноҳия бо кори доимӣ саҳмгузор шавад.


Зимни сафар Раиси вилоят аз мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Пунук низ дидан намуда, ба 11 оила кӯмакпулӣ такдим кард ва ба масъулин дастур дод, ки оқибатҳои офатро ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.


Гуфта мешавад, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” шинос шуда, ҳамчунин дар мавзеи Ҳафттеппа бо раванди барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва азхудкунии заминҳои бекормонда аз наздик шинос шуд.