Ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бахши энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла ин ширкат метавонад корҳои тозакунии обанборҳо дар нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро анҷом диҳад.

Бо ин мақсад менеҷери тиҷоратии ширкат Ҷереми Брунет Манкуат ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳадафи ин боздид омӯзиши имконоти энергетикии Тоҷикистон ва ҳамчунин имкони иштирок дар тендерҳои азнавсозии иншооти гидротехникӣ унвон мешавад.

Ба қавли номбурда, ширкати Hydrokarst масъалаи иштирок дар тендер оид ба лоиҳаи корҳои азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро мавиди омӯзишу баррасӣ қарор додааст, ки дар корҳои мазкур дар нерӯгоҳи дуюм як ширкати украинӣ ҳам иштирок карда метавонад.

«Мо имкон дорем, ки бидуни партоби об дар чуқурии то 150 метр корҳои тозакунии обанбор аз таҳшинҳоро ба иҷро расонем, ки хеле судманд аст, зеро дар ин ҳолат зимни тозакунии обанбор нерӯи барқ талаф намеёбад», - гуфтааст Брунет.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, тӯли сафари дурӯза дидору гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» ва ҳамчунин ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.