Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода имрӯз ҷиҳати муайян кардани санаи дақиқ ва ҷойи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон моҳи сентябр дар Тошканд ба ин шаҳр раҳсипор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дода буд, ки корҳои тадорукотии баргузории нахустин намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар Тошканд оғоз гардида, дар он беш аз 60 корхонаи саноатии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Вазир қайд кард, ки дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти саноати мошинсозии кишвар, бахши кӯҳкорӣ, саноати сабук ва маҳсулоти алюминий ба намоиш гузошта шуда, ба маҳсулоти саноати хӯрокворӣ афзалият дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввали соли равон миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба баргузор намудани намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии ҳарду кишвар дар пойтахти давлатҳо созиш ҳосил шуда буд.

Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон рӯзҳои 17-20 апрели соли равон дар Душанбе доир гардида, дар он маҳсулоти беш аз 160 соҳибкорону корхона ва ширкатҳои кишвари ҳамсоя ба маърази тамошову фурӯш гузошта шуд.