Дар Тоҷикистон сарбории маъмурии марбут ба аз ҷониби бахши тиҷорат ба иҷро расидани уҳдадориҳои пардохти андоз коҳиш ёфта, нисбат ба соли 2012 хароҷоти умумии тоҷирон дар соли 2016 ба андозаи 8 млн. доллар кам шудааст.

Таҳлилгарони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил аст, зимни арзёбии хароҷоти бахши тиҷорат баррои иҷрои қонунгузории андози Тоҷикистон давоми солҳои 2012, 2014 ва 2016 ба чунин хулоса расидааст. Таҳқиқот бо дастгирии молии ҳукумати Швейтсария ва Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) гузаронида шудааст.

14:43 13 октябр, 2017

«Натиҷаҳои таҳқиқот гувоҳи онанд, ки тайи чанд соли ахир сарбории маъмурии марбут ба иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз коҳиш ёфта, агар соли 2012 1 андозсупоранда барои риояи қонунгузории андоз 33 рӯзи корӣ сарф мекард, пас соли 2016 ин нишондиҳанда  то 21 рӯз (ё худ 36%) кам шудааст, ки ба аз ҷониби ҳамаи андозсупорандагон сарфа шудани наздики 8 млн. доллар боис гардид», - хабар медиҳад намояндагии IFC дар Душанбе.

Тибқи арзёбии коршиносони Корпоратсия, «ин коҳишёбӣ ба камшавии вақт барои баҳисобгирии андоз ва пешниҳоди ҳисобот, ҳамчунин ба туфайли амалисозии барномаи супурдани эъломияи андозҳо дар шакли электронӣ (аз соли 2012) имконпазир гардида, агар қариб нисфи андозсупорандагон пешниҳоди шакли электронии эъломияро сарфи назар карда бошанд ҳам, пас барои ин онҳо имкони техникӣ (компютер, интернет) надоштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки «андозсупоранагони пурсидашуда аксаран сифатҳое чун тахассуснокӣ, соҳибкасбӣ ва хушмуомилагии кормандони мақомоти андозро зикр кардаанд».