Нимаи моҳи июл хатсайрҳои нави равуои автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» директори корхонаи «Asian Express» Султон Камолов хабар дод, муддати як моҳ равуои автобусҳо бо панҷ хатсайри нав: аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанд, аз Хуҷанд ба Қӯқанд ва аз Истаравшан ба Бекобод ба роҳ монда мешавад. Айни замон танҳо як хатсайр миёни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд амал мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, тарифи роҳкиро ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, ба таъхир афтодани равуои автобусҳо ба он вобаста буд, ки ҷониби Ӯзбекистон пурра омода набуд.
«Айни замон мо ба мувофиқа расида, дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳаракати автобусҳо байни давлатҳо созишнома ба имзо расонидем ва равуои автобусҳои мусофирбар ояндаи наздик - тахминан дар муддати як моҳ оғоз мегардад», - иброз дошт номбурда.
Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, қайд кард Камолов, арзиши роҳкиро аз Душанбе то Деҳнав - 25 сомонӣ, аз Душанбе то Тирмиз - 52 сомонӣ ва аз Панҷакент то Самарқанд - 20 сомониро ташкил медиҳад.
«Ҳозир арзиши роҳкиро аз Хуҷанд ба Қӯқанд ва аз Истаравшан ба Бекобод мавриди омӯзиш қарор дорад», - гуфт директори «Asian Express».
Ҳамчунин зикр шуд, ки ширкат доир ба таъмини равуои сайёҳон шартнома баста, ба наздикӣ наздики 300 нафар сайёҳони ӯзбек барои табобат ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон меоянд ва дар ин осоишгоҳҳо барои онҳо ҷой захира шудааст.
Қаблан дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон дода буданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд: дар қаламрави гузаргоҳи сарҳадӣ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.
Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.
Нимаи моҳи марти соли 2018 реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста