Барои дарёфти дастрасӣ ба ҷустуҷӯи маълумот хоҳишмандон бояд дар сомонаи fehrist.tj худро ба қайд гузоранд.

“Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ - манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравҳо, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад”, - омадааст дар сомона.

Гуфта мешавад, Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гарав –дар асоси қонун "Дар бораи гарави молу мулки манқул" ва «Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ” таҳия ва Дастуруламал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул тавассути шабакаи интернетӣ мебошад.

Охири соли гузашта зимни қабули ин қонун дар таҳрири нав вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор намуда буданд, ки навгонии мазкур ба шаффофияти бақайдгирии гаравҳо ва пеш бурдани феҳрист нигаронида шудааст.

Фарқи асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар бораи Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ дохил шудааст.

Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ дар Тоҷикистон аз соли 2015 амал мекунад.

Акнун баъди қабули қонун дар таҳрири нав бақайдгирии гаравҳо ва пеш бурдани феҳрист тарқи шабакаи Интернет сурат гирифта, ба шаҳрвандон ҷиҳати дастрас намудани маълумоти дилхоҳ имкон фароҳам меорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.