Рӯзи 18-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни Бренди сол – 2019 таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор шуд. Дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва иштирокдорони озмун – намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, маросими бошукӯҳ бо сухани ифтитоҳии роҳбари ин ниҳод Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз шуда, сипас ба иштирокдорон – ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол таҳти унвони «Қуллаи Шараф» ботантана ҷоизаҳо супорида шуданд.

Дар озмун ҳамагӣ 91 ширкат иштирок кард. Аз рӯйи натиҷаҳои он ба 40 ширкати ватанӣ ҷоизаҳои тиллоии “Бренди сол – 2019” тақдим гардида, 18 нафар соҳибкорон бо диплом қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон 12 кас ҷоизаи нуқра ва 14 нафари дигар ҷоизаи биринҷӣ гирифтанд.

1/20

Ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун:

«Маҳсулоти хӯрокворӣ»

ҶДММ «КОКА-КОЛА НӮШОКИҲОИ ТОҶИКИСТОН» таҳти бренди «КОКА-КОЛА»

ҶДММ «ГУЛШАН-2010», намояндаи ширкати «Пепсико Инк.» бо бренди «ПЕПСИ»

ҶДММ «ЛВЗ ШОҲОНА» бо бренди «ШОҲОНА».

ҶДММ «ФАБРИКАИ ҚАННОДИИ ШИРИН», бренди «ШИРИН»

ҶДММ «555 МПК», бренди «555»

ҶДММ «АМИРӢ», бренди «АМИРӢ»

ҶДММ «ПОКИЗА-М», бренди «ПОКИЗА»

ҶДММ «АЗИЗӢ», бренди «АЗИЗӢ»

ИСЛОМОВ ИСТАМҶОН, бренди «ШИФО»

ҶСП «КОМБИНАТИ ШИРИ ДУШАНБЕ», бренди «ШИРИ ДУШАНБЕ»

ФАБРИКАИ ШИРИ САОДАТ», бренди «САОДАТ».

«Мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, гигиена ва косметика»

ҶДММ «СИФАТ-ФАРМА», бренди «СИФАТ-ФАРМА»

Ширкати «ВЕГАФАРМ», бренди «ПАРДИФЕН»

​​​​​​​«Технологияҳои муосир ва телекоммуникатсия»

ҶСП «ТТ МОБАЙЛ», бренди «МЕГАФОН»;

ҶДММ «ТАКОМ», бренди «ЗЕТ-МОБАЙЛ»;

ҶДММ «РАШОД», бренди «СОМОН TJ»

​​​​​​​«Маориф, фарҳанг ва ҳунар»

ҶДММ «GM», бренди «GМ»

НЕЪМАТОВ МАНСУР, бренди «ТОҶИКОН ҲОЛИДЕЙ»

​​​​​​​«Хизматрасонии маишӣ истироҳат ва фароғат»

ҶДММ «НАМОИШГОҲИ ШОКОЛАД», бренди «ШОКОЛАДНИЦА»

ҶДММ «ФУД МАСТЕР», бренди «АЛЛАДИН» ва «ЧИКЕН СОУЗЕРН ФРИД».

​​​​​​​«Нақлиёт»

Лоиҳаи «Сити кард Душанбе», бренди «СИТИ КАРД»

ҶДММ «ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН», бренди «МО ҲАМСАФАРЕМ»

НАЗАРОВ МУРОД, бренди «РАХШ ТАКСИ»

ҶДММ  «Ширкати ҳавопаймоии СОМОН ЭЙР», бренди «СОМОН ЭЙР»

ҶДММ «АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИВ», бренди «АКИА АВЕСТО»

​​​​​​​«Марказҳои савдо»

МС «ПАЙКАР», бренди «ПАЙКАР»

ҶДММ  «ЁВАР», бренди «ЁВАР»

​​​​​​​«Мебел ва техникаи маишӣ»  

ҶДММ «АТЛАНТ», бренди «АВРАНГ»

ҶДММ  «ХОНАИ МАН», зери аломати хизматрасонии «ХОНАИ МАН»

УСМОНОВ НАВРӮЗ, зери аломати хизматрасонии «КРОУВН СИТИ»

«Молҳо ва хизматрасонии баргузида»  

ҶДММ «АҚИҚА», бренди «АҚИҚА»

ҶДММ «РЕДЛАЙН ВИП», зери аломати хизматгузории «РЕД ЛАЙН»

​​​​​​​«Ташкилотҳои молиявӣ»

ҶСП  «ИМОН ИНТЕРНЕШНЕЛ», бренди “ОН ИНТЕРНЕШНЕЛ”

ҶДММ ТҚХ «Душанбе Сити», бренди «ДУШАНБЕ СИТИ»

ҶДММ ТҚХ «АЛИФ САРМОЯ», бренди «АЛИФ»

​​​​​​​«Ташкилотҳои бонкии молиявӣ»

БД ҶТ «Амонатбонк», бренди «АМОНАТБОНК»

ҶСК «БОНКИ ЭСХАТА», бренди «БОНКИ ЭСХАТА»

ҶСП  «СПИТАМЕН БОНК», бренди «СПИТАМЕН БОНК».

Ҷоизаи махсуси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба ширкати истеҳсоли обҳои ташнашикани “Сиёма” бо бренди “СИЁМА” тақдим шуд.

Ёдрас мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол” таҳти унвони “Қуллаи шараф” дар қаламрави ҷумҳурӣ бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маротибаи саввум гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории Озмуни мазкур ташвиқу тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод кардани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.