Хабаргузории “Азия-Плюс” ва Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ” (Accelerate Prosperity) дар самти дастгирии иттилоотии тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Фонди “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ” тасмим гирифт, ки аз лоиҳаи расонаии "Made in Tajikistan", ки хабаргузории “Азия-Плюс” моҳи феврали соли равон роҳандозӣ менамояд, дастгирӣ мекунад.

Дар доираи ин лоиҳа рӯзноманигорони “Азия-Плюс” дар бораи ширкатҳои истеҳсолии кишварамон як силсила наворҳои видеоӣ таҳия мекунанд. Аз ҷумла, ба ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи таърихи дастоварду комёбиҳои тиҷорати хурду миёна, ки бо дастгирии Фонди “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ” ба роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ноил гардиданд, маълумот дода мешавад.

Лоиҳаи расонаии мазкур дар доираи лоиҳаи SCORED (Дастгирии Ҳамкорӣ ва Имконот барои Рушди Минтақавии Иқтисодӣ) дастгирӣ мешавад, ки онро Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Оғо Хон маблағгузорӣ ва баҳри ҳавасмандсозиии рушди минтақавии иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Accelerate Prosperity амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи директори генералии “Азия-Плюс” Умед Бобохонов, дастгирии тиҷорати хурду миёёна яке аз афзалиятҳои хабаргузорӣ ба шумор меравад:

“Мо худамон тиҷорати расонаӣ дорем ва медонем, ки роҳандозии кори нав ва рушди он, бахусус дар соҳаи истеҳсолот то чӣ андоза душвор аст. Ба корхонаҳои истеҳсолӣ барои баргардонидани сармоягузориҳояшон вақти зиёдтар лозим буда, онҳоро лозим меояд, ки бо истеҳсолкунандагони дигар кишварҳо, ки захираҳои молиявӣ ва буҷети рекламавии бештар доранд, рақобат кунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб мо сиёсати ҳукумати кишварро дар самти рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистн ҷонибдорӣ мекунем. Дар чаҳорчӯби лоиҳа мо дар бораи таҷрибаи тоҷирони ба истеҳсолот машғули ватанӣ маълумот дода, наворҳои видеоиро дар ин хусус дар сомонаи худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунем. Умедворем, ки ин мисолҳо дигар соҳибкорони Тоҷикистонро низ рӯҳбаланд карда, ҳамчунин ба тиҷораӣти хусусӣ дар роҳи дарёфти мизоҷон ва шарикони нав кумак мекунанд. Мо хушнудем, ки ташаббусамонро Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ” ва ҶСП “ТАДЭС” дастгирӣ карданд. Бовар дорем, ки ҳамкориамон пурсамар гардида, ба рушди иқтисод саҳм мегузорад".

Ёддошти ҳамкориро ҳафтаи сипаришуда директори иҷроияи “Азия-Плюс” Искандар Икромӣ ва роҳбари Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ” Розиқ Чоршамбиев ба имзо расониданд.

Қаблан ширкати энергетикии ҶСП “ТАДЭС” дар симои раиси он Ҳофиз Шаҳидӣ низ изҳор дошта буд, ки аз ин лоиҳа дастгирӣ мекунад.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва шукуфоӣ" ҳамчун ташаббуси Фонди Оғо Хон (AKF) ва Фонди Оғо Хон оид ба Рушди Иқтисодӣ соли 2016 таъсис дода шуда, ба рӯҳбаландсозии соҳибкорон, дастгирии тарҳҳои тиҷоратии навоварона (инноватсионӣ), омӯзиши соҳибкорони қобилиятноку ояндадор, таъсиси шабакаҳо, имконоти таҳсилу омӯзиш  ва  суръат бахшидан ба рушди тиҷорат равона шудааст.

ҶСП “ТАДЭС” соли 2004 таъсис ёфта, айни замон дар бозори хизматрасониҳои муҳандисӣ дар бахши энергетика мавқеи устувор дорад. Ширкат лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он амалӣ месозад. Самти афзалиятноки фаъолияти ширкат лоиҳакашӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии интишоти электроэнергетика мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.