Дафтари кории филиали ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” дар Душанбе барои беҳтар кардани шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон ба бинои нави васеъу барҳаво кӯчид. Дафтари кории нави бонк акнун бо суроғаи Айнӣ, 42 дар наздикии маркази савдои “Садбарг”, рӯ ба рӯи идораи UNDP ҷойгир аст.

Дафтари кории нави бонк 2-ошёна буда, дар ошёнаи якум барои муштариён дастрасии озодона ба хизматрасониҳои хушсифати бонкӣ, аз қабили пешниҳоди кортҳои пардохтиву қарзҳо, кушодани суратҳисобу амонатгузорӣ ва ғайра таъмин шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино якчанд раёсат ва воҳидҳои маъмурияти филиали бонк амал карда, чунин тарзи ҷойгиршавӣ имкон медиҳад, ки робита мутақобилаи онҳо саривақт таъмин ва масъалаҳо дар муҳлати ҳарчи удтар ҳаллу фасл шаванд.

1/8

Қобили зикр аст, ки дар ин дафтари кории бонк имконоти шахсони маъюб низ ба инобат гирифта шуда, барои онҳо роҳравҳои махсус дар зинапояҳо ва хазина (касса)-и нисбатан пасттар муҷаҳҳаз шудааст.

“Майдони корие, ки мо дар фаъолиятамон истифода мекунем, хеле васеъ шуд. Дар бинои пешина муштариён зимни муроҷиат ба шуъбаҳои кортҳои бонкӣ ва эквайринг, инчунин хазинаҳо ба душвориҳо дучор мешуданд”, - қайд карданд дар бонк.

Ҳамчунин мебояд гуфт, барои муштариён бевосита дар наздикии бинои филиали бонк таваққуфгоҳи қулай барои мошинҳо низ ҷойгир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.