Ҳаҷми умумиии муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ 317 млн долларро ташкил дод хабар медиҳад, Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 255 млн доллар ва воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар 61,9 млн долларро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агении омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми умумии савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 217 млн доллар баробар шудааст.

Аз ҷумла, ба кишвари ҳамсоя ба маблағи умумии 52,9 млн доллар молу маҳсулот содирот шуда, ба маблағи 164,6 млн доллар аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ маҳсулот ворид карда шудааст.

Дар Агентӣ қайд мекунанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба андозаи 6,1% коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 3,6 баробар афзуд: аз 13 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.