Дар доираи фаъолияти бомуваффақияти аввалин шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Энергетикии Помир, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ду манбаи нави барқароршавандаи энергия ба истифода дода шуданд.

Ин лоиҳаҳо аз тарафи «Помир Энерҷӣ» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғохон (AKF) амалӣ карда шуданд. Мавриди истифода қарор додани ин нерӯгоҳҳо як қадами барҷаста дар роҳи иҷрои рисолати Ширкат дар самти таъмини нерӯи барқи боэътимод, тоза ва дастрас барои тамоми минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, имкон медиҳад, ки дар фасли сарди зимистони омадаистода ба ҷамоатҳои дурдасти кӯҳистон нерӯи барқи боэътимоду хушсифат таъмин гардад.

«Аввалин нерӯгоҳи офтобӣ дар кишвар, ки тавассути оператори таъминкунандаи энергия идора мешавад, ба таври мувозӣ бо дигар манбаи барқароршавандаи энергия кор мекунад. Ҳиссаи иқтидори нерӯи барқи офтобӣ дар солҳои наздик дар байни дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ВМКБ то 20% -ро ташкил хоҳад дод ва он дар тӯли 7 соли оянда дар саросари кишвар ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт, - гуфт Далер Ҷумъаев, вазири навтаъиншудаи энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори генералии рафтаистодаи Ширкати “Помир Энерҷӣ.

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии хурди "Хатфат" як қисми ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Помир Энерҷӣ” дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои пурра электриконидани тамоми вилоят мебошад. Ва дар 2 соли оянда ба ҷои 96%-и ҳозира, 100% аҳолии ВМКБ ба нерӯи барқи хушсифат дастрасии доимӣ пайдо хоҳанд кард".

"Хатфат"

Нахустин иншооти барқии ба истифода додашуда, нерӯгоҳи офтобии 200 кВт дар ноҳияи Мурғоб, дар қисмати шарқии ВМКБ буд. Лоиҳаи мазкур аз Ёддошти тафоҳум, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва USAID ба имзо расидааст, сарчашма гирифта, асосан бо маблағгузории USAID ва қисман саҳмгузорӣ аз тарафи “Помир Энерҷӣ” амалӣ карда шуд,

Ин бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон ва баландтарин дар Осиёи Миёна (дар баландии 3'600 метр аз сатҳи баҳр) маҳсуб мешавад.

Ин иншооти нав бо нерӯгоҳи мавҷудаи “Тоҷикистон” бо тавоноии 1.5МВт ба таври мувозӣ пайваст шуда, нерӯи барқи тавассути он истеҳсолшуда имкон медиҳад, ки таъминоти тақрибан 8’000 нафар дар маркази Мурғоб ва деҳоти атрофи он беҳтар карда шавад.

Нерӯгоҳи ҷадид дар ҳузури Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния, иҷрокунандаи вазифаи муовини Директори ҳайати ЮСАИД дар Тоҷикистон Вилям Холл, Директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ва муовини Директори генералии Ширкати “Помир Энерҷӣ” Фаррух Назармавлоев ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

«Бунёди нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бо дастгирии чунин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди ЮСАИД, қадами устуворе дар таъмини сокинони ин диёри баландкӯҳ бо қувваи барқ мебошад, – қайд намуд зимни баромадаш Ёдгор Файзов. – Ва мо боварӣ дорем, ки ин қадами охирин набуда, дар оянда сохтмони чунин истгоҳҳои барқи офтобӣ дар баробари нерӯгоҳҳои барқи обӣ идома хоҳад ёфт».

Нерӯгоҳи дуввуми ба истифода додашуда - нерӯгоҳи барқи обии “Хатфат” бо тавоноии 450 кВт буда, он дар водии дурдасту баландкӯҳи Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст. Ин нерӯгоҳ дар доираи барномаи «Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ», ки байни ташкилотҳои байналмилалии ЮСАИД (USAID) ва Фонди Оғохон (AKF) роҳандозӣ шудааст, имкон фароҳам меоварад, ки мардуми яке аз деҳаҳои калонтарини водии Бартанг - деҳаи Рошорв бори аввал пас аз даврони Шӯравӣ ба барқи хушсифату доимӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Ин нерӯгоҳ инчунин дар ояндаи наздик деҳаҳои ҳамсояи Япшорв, Нисур ва Барчадивро ба шабакаи устувори боэътимоди барқ пайваст карда, ба зиндагии ҳамарӯзаи 398 хонавода (2196 нафар) таъсири мусбӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки саҳми аввалия ба лоиҳаи “Хатфат” аз тарафи ширкати “Помир Энерҷӣ” аз ҳисоби мукофоти пулии худ ба маблағи 20,000 фунт стерлинг ҳангоми гирифтани ҷоизаи байналмилалии Aшден дар соли 2017 гузошта шуда, пас аз он маблағи боқимонда аз ҷониби Фонди Оғохон (ИМА), “Помир Энерҷӣ” ва донори хусусӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Нерӯгоҳи нави “Хатфат” дар ҳузури Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, иҷрокунандаи вазифаи муовини Директори ҳайати ЮСАИД дар Тоҷикистон Вилям Холл, Директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ва муовини Директори генералии Ширкати “Помир Энерҷӣ” Фаррух Назармавлоев ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

«Ба шарофати тарҷибаи бой ва фаъолияти бенуқсони чунин ширакати пешқадам, ба монанди “Помир Энерҷӣ” ва бо дастгирии ташкилоти бонуфузи байналмилалии Фонди Оғохон имрӯз сокинони боз як гӯшаи дурдасти ВМКБ ба қувваи барқи боэътимод дастрасӣ пайдо карданд. – қайд кард Директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев. - Дастрасӣ ба нерӯи барқи боэътимод, бешубҳа, ба Шабакаи Рушди Оғохон имкон медиҳад, ки фаъолияташро дар дигар соҳаҳо дар минтақа тавсеа диҳад».

Дар бораи ҶСК “Ширкати энергетикии Помир”: “Помир Энерҷӣ” (РЕ) дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир (PE), зертобеъи Бунёди Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ (AKFED), таъсис дода шудааст. PE як ширкати ҳамгирошудаи энергетикӣ мебошад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шарқи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Таъсиси РЕ нахустин таҷрибаи ташаккулёбии ШДБХ дар Осиёи Марказиро нишон дод, ки дар натиҷаи он Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2002 истифодабарӣ ва идоракунии дороиҳои энергетикии минтақаро ба вай дода, дар айни замон соҳибмулкии худро нигоҳ дошт. PE як ширкати тоҷикистоние мебошад, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва тамоми литсензияҳои заруриро барои фаъолият ва хизматрасонӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар ба даст овардааст ва саҳмдорони он AKFED ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) мебошанд. То имрӯз PE ба воситаҳои асосии давлатӣ 112 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карда, дар айни замон сандуқи фаъолаш тақрибан 90 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. PE дар нақша дорад, ки то охири мӯҳлати консессия беш аз 200 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кунад.