Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз соли ояндаи 2021 аз 58 то 60 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, маълумот дода мешавад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки дар соли дахлдор пешгӯйӣ мешавад, муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Тавре таҷрибаи 6 соли ахир нишон медиҳад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар 2 сол 1 бор тағйир дода мешавад.

Ба ин тариқ, солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 - 50 сомонӣ ва 2018-2019 - 58 сомониро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.