Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст.

Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52% қиматтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ҷумҳурӣ асосан аз воридоти гандум истифода мебарад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар коркард мешавад.

Ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад, ки зиёда аз 90%-и воридоти ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ин кишвар рост меояд.

Қобили зикр аст, ки талаботи ҷумҳурӣ ба орд дар як сол наздики 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи орди навъи якум, ки бештар серхаридор аст, аз моҳи январ то аввали моҳи ноябр қариб 15% боло рафт.

Ба ҳолати аввали моҳи ноябр арзиши 1 кило орди навъи якум ба ҳисоби миёна дар пойтахт 4,7 сомонӣ, шаҳри Турсунзода - 5,2 сомонӣ, Рашту Ванҷ ва Хоруғ - беш аз 5 сомонӣ, Хуҷанду Исфара ва Истаравшан - 4,4 сомониро ташкил дод.

Мебояд гуфт, орд барои мардуми Тоҷикистон маҳсулот бештар мавриди ниёзи аввал ба шумор меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.