Дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Вазорати кишоварзӣ, Агентии содироти назди ҳукумат, ширкатҳои истеҳсолӣ ва коркард аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратӣ доир гардид.

Истеҳсоли лимон дар Тоҷикистон зиёд буда, лекин ҳиссаи содироти он дар маҳсулоти кишоварзӣ начандон бузур аст, аз ин рӯ, Агенти содирот баҳри тақвияти имконоти содироти лимон, ки яке аз маҳсулоти афзалиятноки содироти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ин ҳамоишро созмон дод.

Роҳбари Агентӣ Шавкат Бобозода баргузории форумро баррасии ҳалли ҳамаи мушкилот дар ин соҳа, бахусус дар мавриди содироти лимон, инчунин афзоиши минбаъдаи содироти лимон, ҳавасмандсозии ширкатҳои содиркунанда ва дастгирии истеҳсолкунандагони ин навъи меваҳои ситрусӣ унвон кард.

“Агентии мо барои дарёфти шарикони боэътимод, тақвияти имконоти фурӯш ва пешбурди маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тайи 10 моҳи ҳамин сол 150 тонна лимон асосан ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуд”, - хабар дод Бобозода.

Соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 4,4 ҳазор тонна лимон истеҳсол шуда, наздик ба 4 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар интиқол ёфт. Соли равон истеҳсолкунандагони ин меваи ситрусӣ ният доранд, ки ҳаҷми парвариши онро то ба 5 ҳазор тонна расонанд.

“Лимон яке аз меваҳои асосӣ барои содирот аз Тоҷикистон ба шумор рафта, ба рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ қодир аст”, - иброз дошт намояндаи ФАО дар Душанбе Олег Гучгелдиев.

Роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Мэрилин Йозефсон изҳор намуд, ки дар шароити пандемия ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ бояд ҳамроҳ кор кунанд, то ки фаъолияти мунтазаму мураттаби ҳамаи зинаҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулотро таъмин намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, дастрасии бемамониат ба маълумот оид ба фурӯши лимон, инчунин таҳлили босифати бозорҳои имконпазир ва нархҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Ёддошти тафоҳум байни истеҳсолкунандагони лимон, харидорони имконпазир аз Русия ва кишварҳои Ховари Миёна ва Агентии содирот дар бораи ҳамкории минбаъда дар саноати хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.