Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) шарҳ дод, ки дар кадом сатҳ қарзи давлатӣ бехавф ва мувофиқ буда метавонад.

Сатҳи ҳадди ниҳоӣ (буҳронӣ)-и қарзи давлатӣ барои кишварҳои рушдёфта дар шароити пандемияи коронавирус 55% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва барои давлатҳои камтар рушдёфта - 38%-и ММД-ро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар санади кории рӯзи 1 декабр нашршудаи Фонд.

Фонди минтақавии мазкур соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар заминаи Бонки авруосиёии рушд таъсис дода шуд.

Муаллифони санад қайд мекунанд, ки қарзи давлатии Русия ва Қазоқистон дар сатҳи пасти муносиб (камтар аз 20% нисбат ба ММД) қарор дошта, аз нишондиҳандаи ниҳоии 38% боло нест.

Ба дигар кишварҳои муассиси Фонд, аз ҷумла Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки “бо назардошти сатҳи ҷории рушд, нисбат ба уҳдадориҳои қарзӣ эҳтиёткорона муносибат зоҳир кунад”.

Натиҷаҳои арзёбии таҳлилгарони Фонд бозгӯи онанд, ки афзоиши қарзи давлатии Арманистон ҳатто дар сурати боло будан аз ҳадди ниҳоии 38%-и ММД ба рушди иқтисод таъсири начандон назаррас мерасонад.

“Дар арзёбии вазъи Беларусу Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ зимни баланд будани қарз аз сатҳи ниҳоӣ ошкор нашуд”, - қайд мешавад дар санад.

Муаллифон шарҳ медиҳанд, ки кишварҳои аз ФАСР қарзгиранда ба кластерҳои гуногун мансубанд, ки хусусияти сатҳи рушди ниҳоии онҳоро нишон медиҳад.

“Арманистон кишвари дорои сатҳи муътадили ниҳодҳои сиёсӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки то замони аз 38% баланд набудани таносуби қарз ба ММД, дастрас намудани қарз ба рушди бештар баландтари ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд; вақте қарзи давлатӣ аз ҳадди ниҳоӣ баланд бошад, таъсири афзоиши қарз ба афзоиши ММД ба таври назаррас коҳиш меёбад, ҳарчанд мусбат боқӣ монад ҳам”, - қайд мекунанд онҳо.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, то аввали соли 2020 таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар 45,7%-ро ташкил дод, ки 7,7 банди фоизӣ аз “хати сурх”-и 38% зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла, ба ҳолати 1 январи соли 2020 қарзи дохилии ҷумҳурӣ 6,9 млрд сомонӣ ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ - қариб 2,9 млрд долларо ташкил дод (мутаносибан 9,9% ва 35,8% аз ҳаҷми умумии ММД-и соли пешини кишвар).

Аз оғози сол то 1 октябр ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 275 млн доллар афзуда, ба ҳудуди 3,2 млрд доллар расид.

Маълумот дар бораи афзоиш ё коҳиши ҳаҷми қарзи дохилӣ дар ин давра алҳол дастнорас боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.