Яке аз манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳама бахшҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб ин маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳр мебошад. Буҷаи шаҳри Кӯлоб ёронагир (дотатсионӣ) буда, ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ кумаки молиявӣ мегирад

Бо вуҷуди он, буҷаи маҳаллӣ манбаи асосии маблағгузории Барномаи Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр ба шумор меравад. Самаранокии истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ аз шаффоф будани он шаҳодат медиҳад.  Пайгирии ин мавзӯъ ба манфиати ҷомеа буда, барои тақвияти унсурҳои демократӣ мусоидат хоҳад кард.

Зимнан, шаффофият дар бобати ҳама паҳлӯҳои буҷа эътимоди мардумро ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ меафзояд. Зеро ҳар шаҳрванд медонад, ки андози супурдааш чӣ гуна ва ба куҷо харҷ мешавад. Аз ҳама муҳимаш, агар шаффофияти буҷа таъмин гардад, сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам мешавад.

 

 

 

Сарчашма: Раёсати молияи шахри Кӯлоб.

Тавре маълум аст таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии ҳар шаҳру ноҳия ба зиммаи Раёсатҳои молияи шаҳр ё ноҳияҳо вогузор шудааст. Дар вақти лоиҳаи таҳия ва тасдиқи  буҷа вакилони халқӣ ва намоядагони Раёсати  молия иштирок мекунанд. Лутфия Расулова, котиби комиссия дар бахши таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллӣ, вакили маҷлиси шаҳри   Кӯлоб  перомуни чӣ гуна сурат гирифтани ин марҳилаи амалишавии тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлобчунин мегӯяд:

Манбаи асосии ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб даромадҳои андозии корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ ва даромадҳои аҳолӣ мебошад. Коршиносон яке аз сабабҳои шаффоф будан буҷаи маҳалиро ин иштироки шаҳрвандон дар барассии таҳия ва тасдиқи буҷа медонанд.

Барои фаҳмидани ин ки то чӣ дараҷа буҷаи маҳаллии шаҳр шаффоф аст, дар байни мардуми шаҳр пурсише анҷом додем. Натиҷаҳои ин пурсишро дар тасвирбаёни зер бубинед:


Сарчашма: Тадқиқоти муаллиф дар асоси пурсишномаҳо

Лоиҳаи буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб бо дар назар гирифтани манбаъҳои андозбандии ҳар ташкилоту муассиса ва шахсони хуқуқиқию воқеъӣ, бидуни ба инобат гирифтани муҳокимаронии қисмати ҳиссаи камтари аҳолӣ аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қабул ё тасдиқ мешавад. Шаффофияти буҷа, муҳокимаронӣ, таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб то куҷо воқеъият дорад?


Сарчашма: Тадқиқоти муаллиф дар асоси пурсишномаҳо

Буҷае, ки бо ширкати фаъолони ҷомеа таҳия мегардад, нисбатан мукаммалтар хоҳад буд ва аз ҳама  муҳим ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда мусоидат намуда, барои самараноктар харҷ шудани маблағҳои буҷа кумак мерасонад.