Тайи чор моҳи охири соли 2020 Тоҷикистон давра ба давра интиқоли неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя қариб ба андозаи 80% зиёд кард.
Моҳи сентябри соли гузашта барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн, моҳи октябр - ҳудуди 2 млн, моҳи ноябр - беш аз 2,7 млн ва моҳи декабр - қариб 3,4 млн доллар интиқол дода шуд.
Соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи зиёда аз 56,4 млн доллар неруи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки 40% камтар аз соли 2019 мебошад.
Дар дохили худи ҷумҳурӣ давоми моҳҳои сентябр-декабр камбуди шадиди барқ эҳсос шуда, ШСХК “Барқи тоҷик” онро баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ маънидод мекард.
Бо эътирофи норасоии захираҳои обиву энергетикӣ дар ҷумҳурӣ, ҳукумат аз 5 январ реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намуд.
Айни замон танҳо сокинони хонаҳои баландошёна мунтазам бо барқ таъмин буда, аҳолии деҳот танҳо рӯзона бо барқ таъмин мешаванд ва аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ интиқоли барқ ба онҳо қатъ мегардад.
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 19,8 млрлд кВт/соатро ташкил дод, ки 4,4% ё худ 906 млн кВт/соат камтар нисбат ба соли 2019 аст.
Ҳудуди 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳаҷми боқимонда дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст.
Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати Da Afghanistan Breshna Shirkat-и Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” дархост намудааст, ки интиқоли барқро зиёд кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста