Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба ҶСП “Скай Кейтеринг” иҷозатнома дод.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатнома бо қарори Раёсати Бонки миллӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 3 сол дода шудааст.
Гуфта мешавад, мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст, дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Мутобиқи қонқнгузории Тоҷикистон, Бонки миллӣ мақоми давлатии танзим ва назорати асъор мебошад, ки аз ҷумла, тартиби додани иҷозатнома ба амалиёт бо асъори хориҷиро муайян месозад.
Дар бораи ширкати “Скай Кайтеринг”
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Скай Кайтеринг” ба таъмини ғизо дар дохили ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб машғул буда, дар маълумоти сомонааш худро яке аз бузургтарин ширкатҳои Тоҷикистон муаррифӣ намудааст.
Ширкати мазкур соли 2009 таъсис дода шуда, аз соли 2010 корхона бо низоми ISO 9001 (яке аз низомҳои менеҷменти сифат) гувоҳнома гирифтааст.
Маълумот дар бораи муассисони ҶСП “Скай Кайтеринг” мавҷуд набуда, директори генералии ширкат Холов Ш.С. зикр шудааст.
Кӣ ва дар куҷо бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом дода метавонад?
Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда амалӣ карда мешавад.
Чунин иҷозатномаро корхонаву ширкатҳое дастрас карда метавонанд, ки ба амалиёти зерин машғуланд:
- мағозаҳои савдои бебоҷ;
- хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;
- нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор;
- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии асъор.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.