Бек Сабур биноҳои нотамомашро ҷамъбаст кунад, иҷозатномаи сохтмонашро мегирем. Ин нуктаро имрӯз Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон ваъда дод. 

Ба гуфтаи Зувайдзода, шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, зиёд аст. 

"Бекро зиёд сарзаниш накунед, ӯ вақтҳои охир фаъолтар шудааст", - бо ҳазл ба рӯзноманигорон гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.

 Вале Зувайдзода гуфт, ҳамоно пас аз ба истифода додани охирин хонаҳои истиқоматии ширкат дар Душанбе, литсензия ва ё иҷозатномаи ширкат бозхонда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.