Дар Ӯзбекистон корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ Гузар - Регар оғоз шуд.

Барои нигаҳдории тавозуни захираҳои энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ, Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ мекунад.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” лоиҳаи сармоягузории “Таҷдиди хати интиқоли барқи 500 кВ Гузар - Регар(Л-507)”-ро татбиқ мекунад.

Гуфта мешавад, маблағи харҷи пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ шуда, анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи мазкур семоҳаи чоруми соли равон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ки ғолиби тендери байнулмилалӣ аст, амалӣ мешавад.

Лоиҳа бар асоси санади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия ва амалӣ мешавад. Он ба таъмини эътимоднокии таъмин бо барқ зимни кори ҳамсони низомҳои энергетикии ду кишвар равона шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.