Иттиҳоди Аврупо (ИА) машваратҳои дар Тоҷикистон идомадоштаро бо ҷомеа дар мавриди Кодекис нави андози Тоҷикистон маъқул мешуморад, хабар медиҳад намояндагии ИА дар Душанбе.
“Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба Тоҷикистон дар ҷараёни ислоҳот, талошҳо баҳри беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти аҳолӣ тасдиқ мекунад”, - қайд мешавад дар иттилоиия аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа тариқи видеоконфронс доир гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа муҳимияти сиёсати макроиқтисодӣ, ки ба таъмини субот ва пешрафти минбаъда дар идоракунии воситаҳои молиявии давлатӣ равона мегардад, тасдиқ шуд.
Дар иттилоия таъкид мешавад, ки ин иқдом ба беҳбуди муҳити корӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бо имконот барои ҷорисозии тарзу усулҳои инноватсионӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаи ҳалли масоил мусоидат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав айни замон миёни аҳли ҷомеа ва коршиносону мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Бо лоиҳаи пешакии Кодекси нав дар сомонаи http://www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан мумкин аст.
Шаҳрвандон таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи дар боло зикршуда ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол намоянд.
Муҳлати таклифу пешниҳодҳо то 25 феврали соли равон муқаррар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста